Пири хирадманди маорифчиён

Пири хирадманди маорифчиён

  • Post category:Маориф

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Ҳар сол, дар арафаи иди касбии омӯзгорон хонадони устоди устодон, пири хирад, насиҳатгари ҷавонон Ҳоҷӣ Насруллобобо Нарзуллоев бо шогирдону ҳамкасбон, хешу табор, набераю абера, ҳамгузару маорифчиён ба тӯйхона табдил меёбад. Ва ин мӯйсафеди 90 солаи болоқад, ки чеҳраи гарму нуронӣ, риши сафеду табассуми ширин дорад, аз паси айнак меҳрубонона нигариста, самимона вохӯрӣ мекунаду дуои некашро дареғ намедорад.

Ёд дорам, он айём дӯсти ҷонӣ ва ҷавониам Ғафурҷон Маҳмудов сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» буду банда хабарнигори он. Вай гуфт, ки ҳозир ба як ҷой меравем ва як шахси мӯътабарро бо иди муаллимон табрик мекунем.

– О, чаро барвақт нагуфтед, – ба тааҷҷуб афтодам ман, – ягон чиз менавиштем.

– Аввало шинос шудан лозим, – бо завқ хандид ӯ, – ана баъд «ихтиёр ба дасти бахтиёр» гуфтаанд.

Сипас баъди ба манзил расидан фаҳмидам, ки муаллим Насрулло Нарзуллоев падарарӯси ӯ будааст. Рости гап, ин марди шарифи маърифатпарвари меҳмоннавоз бо ҷаҳонбинии васеъ, бо дониши кофӣ, андешаҳои файласуфона моро ба ҳайрат гузошт. Саргузашти ибратомӯз доштааст, ки диққати каминаро ба худ кашида ҳурмату эҳтироми мо ба ӯ афзуд.

Чанде пеш бо Акбарҷон мо боз ба дидор якдигар расидем. Сӯҳбати мо дар атрофи як пиёла чой ба қавле қаймоқ баст.

– Фаъолияти педагогии ман соли 1950 дар Тоҷикистон, зодгоҳи аллома Носири Хисрав оғоз ёфта буд, – ба нақл кардан пардохт мусоҳибам, – соли гузашта бо фарзандону наберагон маслиҳат ороста, ба Қабодиён рахти сафар бастем. Таассурот як олам аст. Ба мактаби ҷоноҷонам омада, хурсанд шудам, ки аз байн 70 сол сипарӣ гардида бошад ҳам каминаро фаромӯш накардаанд.

Дар лавҳаи «собиқ роҳбарони мактаб» исму насаби ман буду лекин расмам набудааст. Сарвари таълимгоҳ зуд аксбардорӣ карду расмамро он ҷо гузошт. Вохӯрӣ бо ҷамоаи таълимгоҳ ва талабагон хотирнишин гузашт. Ба онҳо хотираҳои айёми ҷавониам хеле шавқангез буд, ки ҳозирон саволборон карданд. Аз собиқ ҳамкасбонам Султонови 92 сола дар қайди ҳаёт буда, чашмаш оҷиз гаштааст, ки ҳангоми ба аёдат рафтан маро аз овозам шинохт ва ашки шодӣ рехт.

Ман ҳам гиристам, вале дар мактаб. Дар саҳни таълимгоҳ ду дарахти чинор сар ба фалак кашида замоне зери он нишаста ҳаловат мебурдем. Ман дарахтҳоро ба оғӯш кашидаму беихтиёр ашки чашмонам шашқатор шуд.

Мардуми шиносу бегона ба хона таклиф карда мехостанд, ки меҳмони азизи онҳо шавам. Вале фурсату вақт маҳдуд буд, ки ғайр аз боз ташриф фармуданро ваъда додан дигар илоҷе набуд. Охир Худо ба аҷал амон диҳад, пас чаро боз наравам, аз дидори нахустин шогирдон сер нашавам?!

Воқеан, имрӯзҳо шогирди шогирдони Ҳоҷӣ Насруллобобо на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин Самарқанд низ хеле бисёранд, ки дар соҳаҳои гуногун адои вазифа мекунанд ва аксарият омӯзгор буда, онҳо низ ворисони муносиб доранд.

Аз ҳама муҳимаш, Ҳоҷӣ Насруллобобо бо ҳамсари вафодори худ Мақбула Салоҳиддинова (илоҳо, ҷояш дар ҷаннат шавад!) фарзандони худро ба замона хос таълиму тарбия додаанд.

Писари калонӣ Машҳур аз паси падар рафта бо кори омӯзгорӣ машғул гардид. Ҳозир гашти пирӣ меронад. Матлуба Нарзуллоева низ солҳои тӯлонӣ бо кори муаллимӣ банд гардида, ҳозир дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Янги аср матбуоти» сарвар аст. Марғуба дӯзанда, Гулнора шифокор, Акмалҷон тадбиркор аст. Сад дареғо, ки Мартабаи омӯзгор аз дарди бедаво тарки дунёи фонӣ кард.

Беш аз сад нафар набера, абера ва чабераҳо ворисони муносиби Нарзуллоевҳо мебошанд. Мо бо Аълочии таълими халқии Ӯзбекистон Ҳоҷӣ Насруллобобо ҳисобу китоб кардем, ки собиқа (стаж)-и педагогии сулола аз 400 сол беш аст. Ана садоқат ба касби омӯзгорӣ!

– Гарчанд синнам аз 90 гузашт, – бо завқ мегӯяд ӯ, – гоҳ-­гоҳ ба мактабҳои гирду атроф рафта, бо ҷараёни таҳсил шинос мешавам. Аз он хурсанд ҳастам, ки таҳти ғамхории Президенти кишвар ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти калон дода мешавад.

Вазифаи тарбия на танҳо зеҳни инсонро зиёд кардан ва дониш додан, балки дар ҳар як шахс ҳисси меҳнатдӯстиро бедор кардан, ба ягон касб дил бастанро омӯзондан аст. Аз одами бе ҳунар, бе маданият ва танбал на ба ҷамъият фоида ҳасту на ба халқ. Андарзи Шайх Саъдӣ ҳаст: тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Сонӣ, ранҷи мо – ганҷи мо. Барои ситоиш не, барои маълумот ба шумо расондан мехоҳам гӯям, ки ман пас аз намози бомдод бо корҳои боғдорию деҳқонӣ, чорводорию китобхонӣ машғул ҳастам. Шояд аз ҳамин сабаб ба мушоҳидаи атрофиён солим, серҳаракат ва барнодил ҳастам. Чӣ ҷои руст кардан аст, дар зиндагиномаи ман муаммо буд, ғавчӯб буд ва аз ҳама бадаш одамони мунофиқу худписанд, ҳасудхӯру носипос лак андар лак буданд. Шукри Худо, ки росткорӣ, далерӣ, устуворӣ, аҳду вафо мададгорам шуда, оқибат пирӯзӣ ва бахту саодат насибам гашт. Ана ҳозир насиҳатгару маслиҳатгари ҷавонон ҳастам. Боз як гап, ман чанд рубоиёти шоири файласуф Умари Хайёмро шиори зиндагӣ медонам. Аллома навиштааст:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,

Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.

Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон

Умр аст, бад-­он сон гузаронӣ – гузарад.

– Таманнои шумо?

– Инак, иди касбии муаллимону мураббиён фаро мерасад, ки ба он 70 соли умри хешро бахшидаам. Аз имконият истифода бурда, тавассути рӯзнома тамоми маорифпарварони Ҷумҳурияти Ӯзбекистону Тоҷикистонро бо ин рӯзи саид табрику таҳният гуфта, ба кори душвор, вале бо ифтихорошон комёбиҳои беназир таманно дорам. Бигзор осмонамон мусаффо, офтоби бахт тобон бодо! Фаромӯш накунем, ки:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.