Сеҳри қалами эҷодкор

Сеҳри қалами эҷодкор

  • Post category:Фарҳанг

Дар ҳар кадом соҳаи фаъолияти инсон, аз ҷумла илму фан низ як ченаки муайянкунандае вуҷуд дорад, ки натиҷаи маҳсули меҳнати дарозмуддати инсонро таҳлил менамояду ба меҳнати ӯ баҳои сазовор медиҳад. Ин ченак – дараҷаи истифодашавии маҳсули меҳнати фикрии инсонро дар бар гирифта, то кадом дараҷа истифода гардидани кори ӯро дар соҳаҳои ҳаёти халқ, аз ҷумла истеҳсолот ошкор месозад ва дар мамлакатҳои мутараққӣ чунин ченаки муайянкунанда нақши асосиро иҷро мекунад.

Дар соҳаи эҷод низ чунин аст. Дар лаҳзаҳои муайяни ҳаёти худ эҷодкор гоҳо ба фикру андеша фурӯ меравад, ки дар давоми умри худ ба чӣ муваффақиятҳо ноил гардидааст? Аз маҳсули эҷоди ӯ киҳо баҳра мебардоранду чӣ гуна ғизои маънавӣ мегиранд? Вақте ки китоби нави эҷодкори сермаҳсул, шоир ва пуб­литсисти хушсалиқа Фармон Тошевро ба даст гирифтам, ҳамин фикрҳо маро фаро гирифт. То ин дам китобҳои насриву назмии ӯ таҳти унвонҳои «Қарнабчӯл қӯшиғи» – («Суруди Қарнабчӯл»), «Онанг тирик, болам» – («Модарат зинда аст, писарам»), «Қарнабликлар кулгиси» – («Табассуми Қарнабиён»), «Мен ёмғирли кунда келаман» – («Ман дар рӯзи боронӣ меоям»), «Журналистнинг нони қаттиқ» – («Нони журналист сахт») ва ғайраро хонда, ғизои маънавӣ гирифта будем. Аммо китоби навбатӣ, ки «Мактубҳо» ном дорад, чизи дигар аст. Дар он, айнан на намунаи эҷоди шоир, балки суханони доир ба эҷоди ӯ гуфтаи қаламкашони дигар ҷой дода шудааст. Яъне, чунон ки дар боло гуфтем, маҳсули меҳнати деринаи шоир дар он ба дараҷае таҳлилу баррасӣ гардидааст. Ҳақиқатан ҳам, имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои мутолиа вақт ёфтан хеле душвор мебошад. Доир ба маводи мутолиашуда бошад, ҳар як фикру мулоҳизаи гуфташуда қимати бузург дорад. Китоб асосан аз тақриз ва мактубҳо, инчунин муносибатҳое иборат аст, ки баъд аз мутолиаи асарҳои ӯ гуфта шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳар як эҷодкори масъулиятшинос низ дар давоми фаъолияти эҷодии худ ба чунин таҳлилу баррасиҳои фардӣ ё худ умумӣ эҳтиёҷ дорад.

Фармон Тошев худ соли 1954 дар деҳаи Қарнаботаи ноҳияи Пахтачӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба адабиёт ва журналистика шавқу ҳавас дошт. Аз овони донишҷӯӣ сар карда, хабару мақолаҳои хурд-­хурд менавишт, шеър машқ мекард.

Солҳои 1970–1975 дар факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифтааст. Дорулфунунро боимтиёз хатм карда, дар вазифаҳои масъули рӯзномаи ноҳиявӣ, рӯзномаи вилоятии «Зарафшон», радиои Самарқанд, инчунин мухбири махсуси рӯзномаи «Ӯзбекистон овози» дар вилояти Самарқанд кор кард. Ба туфайли меҳнати ҳалол ва ақлу заковати худ зина ба зина камол ёфт. Аз соли 1998 ин ҷониб ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» фаъолият дорад. Фармон Тошев узви Иттифоқи нависандагон ва Иттиҳоди эҷодии журналис­тони Ӯзбекистон мебошад. Дар ҳақиқат, чунонки муаллифони маводи овардашуда қайд кардаанд, Фармон Тошев аз ҷумлаи қаламкашони ангуштшуморест, ки метавонад бо забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ ва русӣ бемамоният сӯҳбат намояд.

Эҷодкор бо сеҳри қалами худ бояд ба дигарон дарси ҳаёт дода, дар вақти зарурӣ онҳоро аз хоби ғафлат бедор карда тавонад. Барои эҷодкори серҷабҳа Фармон Тошев низ чунин маҳорати комилро мехоҳем, ки бо сеҳри қалами худ дар оянда низ қалбҳоро ба ҷунбиш оварда тавонад.

Фозил ШУКУРЗОДА.