Дар хоҷагии фермерӣ киви мерасонанд

Дар хоҷагии фермерӣ киви мерасонанд

  • Post category:Иқтисод

Се сол пеш дар ноҳияи Каттақӯрғон хоҷагии фермерии ба боғдорӣ ихтисосонидашудаи «Чиғатой файзли боғлари» таъсис ёфт. Дар хоҷагӣ 3 нафар дар 3 гектар замин фаъолият оғоз намуданд. Имрӯзҳо ҳудуди хоҷагӣ ба 10 гектар расидааст. Дар боғ қариб 20000 бех ниҳоли дарахтҳои мевадиҳанда ва манзаравӣ парвариш мекунанд. Аксари онҳоро аз давлатҳои хориҷӣ овардаанд.

– Солҳои охир дар мамлакатамон ба боғдорӣ эътибори ҷудогона медиҳанд, – гуфт роҳбари хоҷагӣ Тоҳир Ёрқулов. – Аз имкониятҳо истифода намуда, се сол пеш боғ ташкил кардем. Бо тавсияи ҳокими ноҳия А. Баҳромов ба хоҷагӣ боз 6,5 гектар замин ҷудо карданд. Дар боғ ниҳоли дарахтҳои мевадиҳанда ва манзаравиро зиёд мекунем. Нияти замин гирифта, беш аз 30 нафарро бо кор таъмин карданро дорем. Дар боғ навъҳои «Эрон» ва «Санами бе­шазор»–и нок, «Грани Стар», «Пинк Леди»- и себ, «Май крест» ва «Фантазия»–и шафтолу, инчунин даҳҳо навъҳои биҳӣ, зардолу, чормағз, анҷир барин дарахтҳои мевадор парвариш карда истодаем.

Роҳбари хоҷагӣ 10 хол замини наздиҳавлигии худро ба коргоҳи таҷрибавӣ табдил додааст. Дар он як ваҷаб ҳам ҷойи холӣ нест. Ҳатто назди девори ҳавлӣ ҳам дарахт шинондаанд. Дар байни дарахтон нахӯд киштаанд. Боиси эътироф аст, ки дар ин ҷо 12 бех дарахти киви ба ҳосил даромадааст. Аз ҳар як бехи он 50-килоӣ ҳосил гирифтан мумкин. Инчунин, 500 бех ниҳоли киви парвариш карда истодаанд. Онҳоро пайванд намуда, ба боғи хоҷагӣ мекӯчонанд. Ғайр аз ин, аз рӯйи имконият гӯсфанду бедона ва парранда мепоянд. Аҳли хоҷагӣ дар оянда дар як қисми боғ бунёд кардани маскани экосайёҳӣ, яхдон ва сехи аз нав коркарди меваҷотро ният кардаанд. Барои ин дар 420 метри мураббаъ майдон бинои махсус месозанд.

Тӯлқин СИДДИҚОВ.