Чаро баъзе одамон худкушӣ мекунанд?

Чаро баъзе одамон худкушӣ мекунанд?

  • Post category:Ҷамъият

Сӯиқасди ҳақиқӣ ва сохта

Худкушӣ дар ҷаҳон то рафт хусусияти глобалӣ гирифта, бо ин роҳ баъзеҳо ба ҳаёти худ нуқта мегузорад. Мувофиқи ақидаи мутахассисон дар даҳсолаи оянда шумораи суитсид дар байни бачагони 10–14-сола боз ҳам меафзояд. Барои чӣ ва бо кадом сабабҳо на танҳо калонсолон, балки бачаҳо ба ин амал даст мезананд? Мо бо духтури психиатри шифохонаи бемориҳои рӯҳии вилоят, сарсуитсидологи Садорати тандурустии вилояти Самарқанд Алимардон Худойназаров ҳамсӯҳбат шудем.

– Алимардонака, агар рости гапро гӯем, худкушӣ аз қадим буд ва ҳоло ҳам давом дорад. Сабабҳои ин амали нохуб чист?

– Агар мо ҳамаи сабабҳои ба ҷони худ қасд кардани одамонро медонистем, бемалол пеши роҳи онро гирифтанамон мумкин буд. Ҳолатҳои ба ҷони худ қасд кардан на танҳо дар байни калонсол ё миёнсолон, ҳатто хурдсолон пайдо шуда истодаанд. Ин як вазъияте, ки беақлона, ба рӯҳият вобаста будани як ҳолати инсонист. Ин ҳолат асосан дар байни одамоне, ки дар ҳаёт азобу ҷабр дидаанд, дар вазъияти ниҳоят мураккаб қарор доранд, ба амал омаданаш мумкин аст.

Сӯйиқасд ба ҷони худ ду хел мешавад: сӯиқасди ҳақиқӣ ва сохта. Ба ҷони худ қасд кардани ҳақиқӣ – ин як амали ба реҷа даровардашудаи пухта буда, одам инро ба ҳеҷ кас нагуфта ва нафаҳмонида, бо хешу таборон хайрухуш мекунад.

Агар бо онҳо ҷанҷолу хархаша карда бошад, бо мулоимӣ аз онҳо узр мепурсад, розигии онҳоро мегирад. Чизҳоеро, ки худаш дӯст медорад, ба ёру бародарон, дӯстон ё хешу таборонаш медиҳад. Ё пулҳояшро тақсим карда, аз хона баромада меравад ва ба ҷони худ қасд мекунад.

Хели дуввумашро суитсиди сохта, ё парасуитсид меноманд. Ин хели худкушӣ бештар хоси духтарону занҳо буда, дар ин хел вақтҳо онҳо диққати атрофиёнро ба худ ҷалб сохта, эркатулфор ё маликаи хонадон шудан мехоҳанд. Дар ин хел ҳолатҳо раги дастонашонро мебурранд ва ё дар шароити имрӯза сиркову таблеткаҳо мехӯранд.

– Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам боиси худкушии бачаҳо мегарданд?

– Ҳа, ҳозир бачаҳо ба воситаи интернет ба ҳар хел сайтҳо медароянд. Ба ин хел бозиҳо шавқу ҳаваси ҷавонон ва наврасон калон аст. Дар интернет 50 фоизи маводҳо хуб бошад, 50 фоизи дигараш ба тафаккури бачаҳо таъсири бад мерасонад. Дар бозиҳо ҳангоми задухӯрд ягон нафар мурад, онро боз барқарор кардан мумкин аст, вале дар ҳаёт ин хел не. Инро бачаҳо ҳанӯз дуруст дарк намекунанд.

– Умуман гирем, роҳи пешгирии худкушӣ ҳаст?

– Ин як муаммои калон. Бо вуҷуди кӯшишу ҳаракати мо агар сӯиқасди шахсе ҳақиқӣ бошад, он одам ҳатман ин корро дар амал иҷро мекунад.

Дар бораи аниқ кардан ва ё донистани ҳолати суитсид ҳанӯз ягон хел тест нест. Бинобар ҳамин, муҳити оилавиро беҳтар созем. Дар ин бобат марказҳои оила, имом-­хатибҳо ва дигарон оиди зиндагӣ, ширинии ҳаёт ва дар оянда ба корҳои бузург ҳисса гузоштан гап зананд, беҳтар аст.

Гуноҳи калони афвнопазир

Гурӯҳе ба роҳи бад мераванд, амалҳои ношоиста мекунанд. Баъзеҳо ба майзадагиву нашъамандӣ дода шуда, илоҷи раҳоӣ намеёбанд. Чунин ҳолатҳое низ рӯй медиҳанд, ки чизеро Худо ба дилашон меандозад ва онҳо якбора одамони дигар мешаванд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ҳаёт эътиқод ҳам роли калон мебозад. Мо оиди ин масъалаҳо ва худкушии инсон фикру мулоҳизаҳои имом-­хатиби Масҷиди ҷомеи Обираҳмати шаҳри Самарқанд ҳоҷӣ Акмал Маматқуловро пурсон шудем.

– Бисмиллаҳир роҳманир роҳим.

Аллоҳу таъоло инсонро офарид ва ба одам ҷон, ақл ва нафс ато кард ва ин неъматҳои Худои Воҳидро мо ҳис мекунем ва хабардорем. Боз Худои Якто ба инсон неъмати ботинӣ додааст, лекин аз ин неъматҳо мо бехабарем. Инҳо: умр, ризқ ва бахт, яъне қисмату тақдир аст.

Худои азза ва ҷалла дар Қуръони Шариф ҳамин хел хабар медиҳад: «Дар ҳақиқат (мо) фарзанди одамро азиз ва иззатманд кардем». Албатта, Худои Бузург одамро азиз ва иззатманд карда, дар рӯйи замин ҳамчун мавҷудоти олӣ офарид ва мавҷудоти дигар ба Одам хизмат мекунад. Фарзанди Одам дар ин дунёи имтиҳону гузаро зиндагонӣ карда, аз тақдираш розӣ шуда, баъзе вақтҳо шукр ва гоҳо вақтҳо сабр карда, ҳаёт ба сар бурданаш лозим аст. Агар ҳаёташ хуш ва пуру фаровон бошад, бояд исроф накунад, агар зиндагонияш вазнин ва машаққатнок бошад, сабру тоқат намояд.

Худои Холиқ ба одам ҷонро амонат дода ва ба вақту мӯлҷари худ мегирад. Инсон ба ҷони амонати Худодода ношукрӣ ва бесабрӣ карда, худкушӣ намояд, ин бисёр гуноҳи калони афвнопазир аст. Ношукрӣ ба тақдири амонат хиёнат ба Худо кунад, абадулабад аҳли дӯзах шуда, дар дунё ба воситаи чӣ худкушӣ карда бошад, бо ҳамон восита дар дӯзах азоб мекашад.

Расулуллоҳ (с.а.в.) мегӯянд: «Касе, ки заҳр нӯшида худкушӣ кунад, рӯзи қиёмат ҳамон заҳрро бо дасташ нӯшида, ба оташи дӯзах абадӣ мемонад. Касе, ки худро ба воситаи қисми оҳан худкушӣ кунад, рӯзи ҳисоб парчаи оҳан ба шикамаш халонда, ба ҷаҳаннам абадӣ мемонад. Касе ки аз теппаи кӯҳ худро партофта, худкушӣ кунад, ба дӯзах ҳам ба ҳамин хел азоб дучор мешавад, касе, ки худро ба ягон чиз зарб зада, худкушӣ кунад, ба дӯзах зарб зада азоб мекашад. Касе, ки худро буғӣ карда, худкушӣ кунад, ба дӯзах ҳам вайро буғӣ карда азоб медиҳанд».

Ҳар як инсон бо ақли додаи Худои Фаттоҳ фикр карда, ба мушкилоти ин дунё сабр намояд, албатта душвориҳои муваққатӣ гузашта мераванд ва аз пушти заҳматҳо рӯзҳои роҳатбахш мебинад. Гумони нағз кунад, албатта мушкилиҳо бартараф шуда, ҳаёти гузаштааш мактаби ибрат мешавад ва аз сабри кардааш бисёр аҷру савобҳо мегирад ва дар охират аҳли ҷаннат мешавад. Зинҳор ба васвасаи шайтон гӯш ва пайрав набояд шавад. Шайтон душмани ашаддии инсон аст. Шайтон ба одам худкушӣ кун, аз азобу машаққати дунё озод ва халос мешавӣ, гуфта васваса мекунад ва заҳр, арғамчин, теғи оҳан, баландӣ ва оташро ба чашми одам бо ҷилваю сурати хуш нишон медиҳад. Ягона роҳи аз васвасаи шайтон дур шудан бисёр истиғфор ва астағфириллоҳ гуфта, ниятҳли нағз кардан аст.

Якчанд ҳолатҳое ки ба худкушӣ мебарад, бояд аз инҳо хабардор шавем ва пешгирӣ намоем:

1. Касе ки аз назари одамҳо ва ҷамъият дур монда, худро танҳо ва бефоида мешуморад.

2. Касе ки қарзи бисёр дораду кор намекунад.

3. Касе ки орзу дораду ба ҷомаи амал пӯшондан имкон надорад.

4. Ҷавоне ки фикру орзуяшонро ба инобат намегиранд.

5. Зане ки қадру қиматаш зери по шудааст.

6. Касҳое, ки аз ҷангу ғурбат, ғайбату тӯҳмат, заҳмату машаққат берун не. Ба ҳамин хел ҳолатҳо худамон афтем, сабр карданамон даркор. Агар одамҳои наздику шиносҳо бошанд, дилбардорӣ карда, ёрӣ диҳем, бисёр кори хуб ва савоб буда, мусибату дилсиёҳиҳоро пешгирӣ мекунем.

Ҳолати рӯҳонӣ

Азбаски худкушӣ, ки бевосита ба рӯҳонияти инсон алоқаманд аст, мо оиди ин масъала ба Маркази хизматрасонии психологӣ муроҷиат кардем. Ба саволҳои мо Шоҳрух Достонов чунин ҷавоб дод:

– Ба ҷони худ қасд кардан ин мавзӯи бисёр доманадор аст. Худкушӣ ба ҳар кас дар ҳар хел ҳолат ба амал меояд.

Умуман гирем, ин муаммо чӣ хел пайдо мешавад?! Он ба ҳар кас ҳар хел мушоҳида карда мешавад. Аксаран аз ҳисси норозогӣ, аз худ қаноатмандӣ ҳосил накардан ба вуҷуд меояд. Нодаркории худро эҳсос намояд, ягон чиз, восита ё шахсро нисбати худ муҳимтар ҳисобида, аз хотирҷамъии худ, аз саломатии худ баландттар гузорад, донед, ки дар ин вақт он чиз ё он шахс ба ҳиссиёт ва идоракунии одам таъсир мерасонад.

Ба ҷони худ қасд кардани инсон кай сар шуданаш мумкин аст?

Ҳамаи мо медонем, ки ин ҳолат дар натиҷаи аз ҷони худ сер шудан ба амал меояд. Аз ҳаёт сер шуда, дар пеш мақсадаш намемонад, яъне вай шахсияти худро фаромӯш мекунад. Дар ҳаёт худро ҳамчун як шакам нодаркор ҳис мекунад. Ин ҳолат дар вақтҳои ҳассосият ба амал меояд. Ба ҷони худ қасд кардани одам ин ҳиссиёт мешавад ва онро дар амал иҷро мекунад. Барои мисол, дар бораи яке аз онҳое, ки ба қабули ман омада буд, гуфта медиҳам. Духтарак соли 1986 таваллуд шуда, ҳоло оила бунёд накарда буд. Вай барои худкушӣ уксус – сирко хӯрда бошад, ки ҳаёташро наҷот дода будаанд. Барои чӣ вай ба ҷони худ қасд кардааст? Ин ҳангоми сӯҳбат аён гардид. Дар вақти 16-солагиаш бо талабу маҷбур кардани падару модараш ба як ҷавон номзад кардаанд. Вале аз мобайн як сол нагузашта, духтар низ ба ҷавон маъқул нашудааст ва фотиҳаро гардондаанд. Ин ба духтараки наврас зарбаи ногаҳонӣ ва аввалин шудааст. Бо ҳамин сабаб хостгорони духтарак кам шудаанд. Аз сабаби миёнаҳолии аҳволи хонаводаашон духтарак дар фабрикаи дӯзандагӣ ба кор медарояд. Худаш пул меёбад, ба хонааш мефиристад. Ҳамин тавр, дар фабрика якчанд сол кор мекунад. Тахминан дар 27-солагиаш бо як ҷавон вомехӯрад. Ин ҷавон ба вай маъқул мешавад. Ҷавон ҳам гӯё дар вақташ оила бунёд накарданашро ба забон меорад. Сонитар, ҷавон мегӯяд, ки ман номзад дорам, маро фотеҳа карда мондаанд. Он духтарак хешамон бошад, ки дилам кашоли вай нест. Фотеҳаро бекор карда, бо ту хонадор шудан мехоҳам. «Ин хел бошад ба хонаи мо хостгор фиристед», – мегӯяд духтар.

Ҳамин хел, аз байн моҳҳо мегузаранд, онҳо бо ҳам хеле наздик мешаванд. Духтар ба хонаи ҷавон рафтуо мекунад. Баъд аз чанд вақт духтарак ба Тошканд меравад. Ҳангоми санҷиш ҳомиладор будани худро мефаҳмад. Фарзандаш дугоник будааст. Духтар оиди ҳомиладории худ ба ҷавон гап мезанад. Лекин ҷавон бовар намекунам гуфта, ба гапҳои вай эътибор намедиҳад. Баъдтар бовар мекунад, ки духтар дар ҳақиқат ҳомиладор аст, маҷбур мекунад, ки фарзанди ишкамашро нобуд кунад. Ин корро духтар бо усули ҷарроҳӣ не, бо роҳи дору хӯрондан дар хона амалӣ мегардонад. Баъди афтидан бачаҳоро ба ҳоҷатхона мепартояд.

Духтарак баъди ҳамин кораш ҳар вақте, ки ба ҳоҷатхона медарояд, фарзандонашро ба ёд оварда, гиря мекунад, руҳан азоби сахт мекашад. Дар ин байн модари духтар бемор мешавад. Ҳангоми омадани хостгорон «ба шавҳар намебароям» гуфта, ҷанҷолу хархаша мебардорад. Дар ин бора дар маҳалла «айби духтар ҳаст» гуфтагӣ гапу овозаҳо паҳн мешавад. Хоҳару додар ва ҳатто падараш дар ин бора аз ӯ мепурсанд, вале вай боз беайб будани худро ба забон меорад. Зеро вай бо ҳамон ҷавон як бор расман хонадор шуда, боз ҷудо гашта, ба таври худ зиндагонӣ карданро ба нақша мегирад. Дар ин байн он ҷавон рақами телефонашро иваз мекунад ва бо духтари дигар оила бунёд менамояд. Соҳиби ду нафар фарзанд мешавад.

Бо ҳамин хел муаммоҳо духтар боз се сол зиндагонӣ мекунад. Дар ин байн ӯ руҳафтода шуда, зиқу зардоб мегардад, худро ноҳинҷор эҳсос мекунад, худро дар ҷамият шахси бекора ҳис карда, як ҳолати ба ҷони худ қасд кардан ӯро фаро мегирад.

Баъди қабули мо ӯ аз ин ҳолати таъзиқовар халос шуд. Чӣ ба вай ёрдам кард? Дар пешаш мақсад мондем. Гуфтем, ки ту ба дунё барои мурдан наомадӣ, бояд зиндагонӣ кунӣ. Хулоса, аз раъйаш гардондем.

Боз як мисоли дигар: зане ба наздам омад. Шавҳари вай аз вазифаҳои калон сабукдӯш шуда будааст. Мард алами худро аз нӯшокӣ гирифта, майзада шудааст. Бо гузашти солҳо фарзандон калон мешаванд. Вай ду духтари калон, писар ва боз як духтараки хурдсол доштааст. Духтарон ҳам аз падари худ ба ор кардан сар мекунанд. Чунки падарашон нӯшида, дар кӯчаҳо афтода, даруни обу лой хобаш бурда мемондааст. Боре ҳангоми мастӣ дар назди дӯкон бо духтараш рӯ ба рӯ мешавад. Падар духтарашро ҷеғ занад, ки духтараш эътибор намедиҳад. Дӯкондор мегӯяд, ки падарат туро ҷеғ зада истодааст. Духтарак дар ҷавоб мегӯяд, ки «вай падари ман не!» Инро падараш маст бошад ҳам, дар хотираш нигоҳ медорад. Мардак ба хона омада, ба сари занаш дод мезанад, бо надомат воқеи шудагузаштаро нақл мекунад.

Духтарак дар синфи 7-ум мехондааст. Дугонаҳояш «ин духтари алкаш» гӯён ӯро мазоҳу масхара мекардаанд. Вай ба модараш рӯ оварда мегӯяд, ки айби ман чист. Чаро дар ҳамин хел оила ман таваллуд шудам.

Ба байн дигар духтарон ва писараш ҳам медароянд. Зан чӣ кор карданро надониста, худро дар ошхона овехтан мехоҳад. Баъд фикр мекунад, ки ӯ худро кушад, аҳволи фарзандонаш чӣ мешавад?

Дар ҳамин хел ҳолат зан ба назди мо омад. Агар ҳамин ҳолатро таҳлил карда бароем, дар ин ҷо масъалаи оҷизии мард ба миён меояд. Ҳаёти вай фақат аз нӯшидан иборат аст ва ё ягон кори дигар аз дасташ меояд? Лекин инсони гирифтори алкоголизм табиатан одами камқадру иродааш суст ва беқатъият мешавад. Барои чӣ гуфта пурсед, нӯшокӣ одамро аз дарунаш мехӯрад. Якум, системаи асабаш бекора мегардад, дуюм, дар ӯ ҳиссиёти мувозанаташ вайрон мешавад, сеюм, ҳиссиёти ҳолати беқатъиятӣ ба вай ташаккул меёбад. Ҳамаи инҳо якҷоя шуда, мувозанати рӯҳии инсон вайрон мегардад.

Зан ба кор бароям гӯяд ҳам, намешавад, чунки бачаҳояш ҳанӯз хурдсоланд. Тамоми занҳо нақшаҳои ояндаи ҳаёташонро бо шавҳарашон якҷоя мекашанд, вале шавҳари вай парвое надорад. Дар ин ҳолат зан чӣ кор кунад? Мо бо ин зан 14 рӯз кор бурдем. Аз рӯзи якум барои ба мувозанат даровардани ҳиссиёти ӯ кӯшиш кардем.

Умуман, одамон ба 3 тоифа ҷудо мешаванд. Дар тоифаи якум онҳое дохил мешаванд, ки бо гузашта зиндагонӣ мекунанд. Онҳо «барои чӣ ин корро кардам?», «барои чӣ он корро накардам?» гуфта, бо афсӯсу надомат умр ба сар мебаранд. Тоифаи дуюми одамон фақат дар бораи оянда – «ман минбаъд ин кор ё вай корро мекунам» гуфта, умри худро мегузаронанд. Гурӯҳи саввум, бо ҳаёти имрӯзаашон зиндагонӣ мекунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки аз дирӯза имрӯз беҳтар зиндагӣ намоянд.

Ба он зан фаҳмондем ва кӯшиш кардем, ки фикри ӯро ба тарафи некӣ гардонем. Барои нағз шудани ҳаёташ фикр карда, аз чӣ хел будани шавҳараш қатъӣ назар ҳамон хел қабул кардан даъват намудем. Ҳар одам ҳар чӣ қадар камбудӣ дошта бошад, ҳамон қадар тарафҳои мусбат дорад. Дар вақти кор карда гаштанаш чӣ хел корҳои некро ба ҷо овардааст, фаромӯш накардан зарур аст.

Баъди сӯҳбату маслиҳатҳои мо зан фарроши мактаб шуда ба кор даромадааст, масъулияти корро ҳис кардааст, ба тарбияи фарзандон эътибор додааст. Шавҳараш ҳам дар беморхонаи Ҷомбой табобат гирифта, ба тарзи ҳаёти солим рӯ овардааст…

Сӯидсид ба ҷони худ аз чӣ сабабҳо ба амал меояд:

1.Бемақсадӣ. 2.Нобоварӣ ба худ. 3.Масъалаҳои оилавӣ, муаммоҳои муносабатҳо. Баъзан одам чунон як корҳоеро мекунад, ки баъд худашро бахшида наметавонад. Боз нафрати одамон нисбат ба ӯ. Ӯро ба қатори одам ҳисоб накардан дар тасаввуроташ ақидаи дар байни мардум ҷойи худро ёфта натавонистан ҳосил мешавад. Ҳар вақте, ки инсон мувофиқи мувозанати руҳиву ақлонӣ дар ҳаёт пеш равад, вай ба тарзи доимӣ инкишоф меёбад. Муаммоҳои зиндагӣ, саломатӣ, молиявии душвор пеш оянд, мувозанат вайрон мешавад ва ин хоҳ – нохоҳ ба ҳолати руҳии инсон таъсир мерасонад.

Бахтиёри ҶУМЪА.