Шахси ҷустуҷӯшуда акнун дар маҳбас

Шахси ҷустуҷӯшуда акнун дар маҳбас

  • Post category:Ҷамъият

Дар асоси ҳуҷҷати иҷрои суди байниноҳиявии Пайариқ оид ба корҳои шаҳрвандӣ аз қарздор Рустам Ҳамроев ба фоидаи Азиза Нуралиева бо мақсади таъминоти моддии ду нафар фарзандаш ба миқдори аз се як қисми моҳона ва даромадҳои дигар рӯёнидани алимент таъин гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур ба коргузории шӯъба омада, амалинамоии он муқаррар карда шуд.

Бо мақсади муайян кардани молу мулки Р. Ҳамроев ба идораҳои дахлдори давлатӣ пурсишномаҳо фиристода шуданд. Мувофиқи он, молу мулки ба номи қарздор расмигардида аниқ карда нашуд.

Дар давоми иҷрои кор ба огоҳиҳои чандинкарата нигоҳ накарда, маълум гардид, ки Р. Ҳамроев аз моҳи марти соли 2019 ин ҷониб алимент напардохтааст. Дар натиҷа, қарздории ӯ аз алимент ҳисоб карда шуд ва дар ҳолати имрӯза 15 млн 106 ҳазор сӯмро ташкил дод.

Қарздор аз пардохтани алимент саркашӣ карда, гурехта гаштааст. Нисбати ӯ бо қарори иҷрогари давлат кофтуков гардида, қарор якҷоя бо ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пайариқ фиристода шуд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯ Р. Ҳамроев пайдо гардид ва аз сабаби набудани имкони пардохти қарздории алимент, ҳуҷҷатҳои ба ӯ дахлдор дар асоси қисми 1-уми моддаи 47 4-и Кодекси ҶМ Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо мақсади дидани масъалаи ҷавобгарии маъмурӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пайариқ фиристода шуд.

Бо қарори суди маъмурии ноҳияи Пайариқ қарздор Р. Ҳамроев ба ҷазои ҳабси 15-рӯза ҳукм карда шуд.

Шӯъбаи Бюрои иҷрои
ҳатмии ноҳияи Пайариқ
.