Маро одамҳо қадр кунанд, кифоя

Маро одамҳо қадр кунанд, кифоя

  • Post category:Маориф

мегӯяд омӯзгор ва нависандаи бомаҳорат Маҳбуба Турсунова

Дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён барои табрик ба хонадони собиқ омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 28 ва нависандаи бомаҳорат Маҳбуба Турсунова ба маҳаллаи Миронқул рафтем.

Маҳбуба Турсунова баробари моро дидан хеле хурсанд шуд. Ба эътирози мо нигоҳ накарда, рӯйи дастурхонро бо нозу неъматҳо пур кард.

Нусхаи пешакии китоби навашро нишон додем. Муаллима бо мамнуният, баъзе ҷойҳояшро аз назар гузаронид. Сурати худро, ки дар шакли карикатура дида, қоҳ–қоҳзанон хандида фиристод: «Хеле аҷоиб кашидаанд-­ку, ман ҷавону ба европоиҳо монанд шуда мондаам» гуфт. Мо, инчунин китобҳои тозанашрро, ки ҳамроҳ чун тӯҳфа бурда будем, бо диққат онҳоро низ дида баромад. Китоби «Ҳусни сухан»-и Саиди Саъдиро дида, бо муаллифи китоб ҳамкурс буданаш ва хотираҳои бо он кас алоқамандро нақл кард.

Дар давоми сӯҳбат Маҳбуба Турсунова давраҳои душвори донишҷӯияшро ба ёд оварда, таъкид намуд: «Он вақтҳо дар вақти пахтачинӣ ба мо мукофотҳо медоданд. Ҳеҷ аз хотирам намебарояд: дар курси аввал аз пахта бо тӯҳфаи «Калӯш» баргашта будам. Онро тағоям дида, хеле хурсанд шуда, «ин калӯшро напӯшида, ҳамчун хотира гирифта мон» гуфтанд. Ман ҳам онро якчанд вақт эҳтиёт кардам. Ҳатто «Калӯш» ном ҳикояеро ҳам сар карда мондаам, ки вақтҳои душвори донишҷӯиямро дар бар мегирад» гуфту илова кард:

– Лекин, ҳозир баръакс ҷавононро пешпо мезананд, ёрӣ додан аз дасташон ояд, ки намедиҳанд. Аз ҳамин сабаб ҷавоне, ки аз ӯҳдаи навистан ё кори дигар мебарояд, нашъунамо намеёбад. Ман аз вақтҳои аввали корро дар мактаб сар карданам то аз дас­там омадан ба хонандагону донишҷӯён ёрӣ мерасонидам. Ҳатто баъди ба нафақа баромадан ҳам, якчанд шогирдонам, ки дар мактабҳои олӣ мехонданд, барои иҷрои супориш ё китоберо пурсида меомаданд, албатта хоҳиши онҳоро иҷро мекардам. Ба онҳо китобҳоямро дода, ба худам ҳеҷ чиз намонд. Ман он китобро хонда, азхуд кардагӣ, майлаш ҳамонҳо истифода баранд.

Сӯҳбати мо боз шира мебаст. Муаллима аз дигар кору машаққатҳояшон, ки дар мактаб иҷро кардааст, нақл кард. Яке аз мо, ки ба дигаре соатро нишон дода, имову ишора намуд. Инро Маҳбуба Турсунова ҳам пай бурда, боз беихтиёр хандида фиристоду латифаи «Қилкашии вазир»-ро нақл кард.

Дар охири сӯҳбат аз муаллима пурсидам:

– Муаллимҷон, шумо чандин солҳо дар мактаб машаққат кашида, ба хонандагон дарс додед. Боз ҳамчун нависанда машҳур мебошаду барои чӣ ба шумо ҳамчун омӯзгор ягон унвон ва ё ҷоизае дода нашудааст?

Аз шунидани ин савол дар чеҳраи Маҳбуба Турсунова ғуборе пайдо шуду онро ошкор кардан нахоста чунин гуфт:

– Унвону ҷоиза барои чӣ лозим? Оё ҳамаи унвондорҳо ҳам ба унвонашон муносибанд? Маро мисли шумоён одамҳо шиносанд, донанд, қадр кунанд, омада истанд, кифоя аст!

Малика ҶУМЪАЗОДА.