Олиме, ки барои солиму комил гардонидани мафкураи сиёсии дини ислом мубориза бурдааст

Олиме, ки барои солиму комил гардонидани мафкураи сиёсии дини ислом мубориза бурдааст

  • Post category:Фарҳанг

Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ [с. тав. номаълум, Самарқанд – ваф. 953, Самарқанд, Чокардиза] – шайх ул-­ислом, мутакаллим, муҳаддис, фақеҳ, қозӣ, воиз, олими муҷтаҳиди давраи Сомониён буда, дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Номи ӯ дар манбаъҳо ба таври: «Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Зайд ал-­Ҳаким ас-­Самарқандӣ» дарҷ гардида, вай замони ҳукмронии Амир Исмоили Сомонӣ [892–907], Аҳмад ибни Исмоил [907–914], Наср ибни Аҳмад [914–943] ва Нӯҳ ибни Насри II [943–954] зиндагӣ ва эҷод намудааст. Вай аз олимони бузурги он давра Абулҳасан Алии Рустуғфонӣ, Муҳаммад ибни Фази Бадхӣ, Абумансури Мотрудӣ, Абубакри Варроқ, Муҳаммад ибни Ҳузайми Қаллос, Абунасри Иёдӣ, Абдуллоҳ ибни Саҳли Розӣ сабақ гирифта, ба дараҷаи олими барҷастаи закӣ расидааст. Абдуқодири Қурашӣ дар китоби «Ал-­Ҷавоҳир ул-­музиа» нигоштааст, ки: «Ба иллати касрати гуфтораш дар ҳикмату фалсафа ва панду андарз ӯро «ҳаким» лақаб дода буданд»3.

Асарҳо: 1. «Китоб ус-­савод ул-­аъзам фил-­калом» [ин китобро муаллиф «Радди аълои асҳоб ул-­аҳво ал-­мусаммии китоб ус-­савод ул-­аъзам аъло мазҳаб ал-­имом Абуҳанифа» номидааст], 2. «Рисолатун фил- имон» [«Ал-­эътиқод»].

1. «Китоб ус-­савод ул-­аъзам фил-­калом» – соли 379 қамарӣ бо пешниҳоди Нӯҳи Сомонӣ анҷом пазируфта, аз муқаддима, 61 масъала ва хотима иборат аст. Нусхае аз ин асар дар китобхонаи донишгоҳи Санкт-­Петербург дар китоби маҷмӯаи мақолоти «Ҷунг дар тасаввуф» таҳти рақами 386 маҳфуз аст. Нусхаи дигари матни арабии ин асар дар замони ҳукмронии империяи туркони Усмонӣ китобат гардида, ин асар соли 1837 дар Қоҳира, солҳои 1870, 1886, 1894 дар Истанбул нашр гардидааст. Соли 1842 аз ҷониби мутарҷими турк Ойини Афандии Булғорӣ ба забони имрӯзаи туркӣ тарҷума шудааст. Соли 1887 дар Қозон нашр гардида, соли 1881 ба забони тоторӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Китоб ус-­савод ул-­аъзам» аз ҷониби А. Ҳабибӣ бо матни форсӣ соли 1969 дар Теҳрон нашр шудааст. Дар бораи ин асар тадқиқотҳои илмӣ низ навишта шудааст, ки дар ин мавзӯъ олими шарқшиноси немис Улрих Рудолф асари «Ал-­Мотрудӣ ва илоҳиёти мазҳаби суннии Самарқанд»-и худро навишта, дар он перомуни ислоҳ намудани мафкураи сиёсии давр навишта шудани рисолаи мазкури Абулқосим Ҳакими Самарқандиро нишон додааст. Муҳаққиқи дигар Ф.О.Умар дар шаҳри Эдинбург оид ба ин асар кори тадқиқотии докторӣ омода намуда, онро ба забони англисӣ тарҷума кардааст.

Вай аз муршиди худ Абумансури Мотрудӣ [870–944] таълим гирифта, худро шогирди ин олими бузурги мазҳаби ҳанафия мешуморидааст. Дар асари «Табсират ал-­адилла фӣ усул ид-­дин ъала тариқат Абумансур Мотрудӣ» [Нигоҳи одилонаи усули дин аз рӯйи тариқати Абумансури Мотрудӣ]-и Имом Абулмуъини Насафӣ [418 ҳ. / 1027–508 ҳ. / 1114 м.] перомуни шогирди Абумансури Мотрудӣ будани Шайх Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, ки муддати мадид вазифаи қози юл-­қуззот [сардори қозиён, қозии калон]-и вилояти Самарқандро доштааст, ҳангоми вафоти Шайх Абумансури Мотрудӣ соли 333 ҳ. / 944 м. ба сари қабри ин имоми бузург бад-­ин мазмун нақш намудани чунин навиштаҷотро амр намуда будааст:

 «Ин қабри алломаест, ки бо ақлу заковат ва тафаккури гирои худ қуллаҳои бузурги илм­ро фатҳ намуда, тамоми неруву салоҳияти худро барои дар рӯйи дунё интишор намудани он дареғ надошта, асарҳои дар соҳаи дину диёнат офаридааш ба ӯ шӯҳрати беназир оварда ва дар тамоми умр барои инсоният меваи лазизи илмро эҳдо намудааст»2.

Ин олим барои ислоҳ намудани нуқсу хато ва солиму комил намудани мафкураи сиёсии дини ислом ва рушди мазҳаби ҳанафия дар рӯзгори Оли Сомон мубориза бурда, дар байни уламои Мовароуннаҳру Хуросон эътибори баланд пайдо намудааст. Тибқи нигориши академик Абдулғанӣ Мирзоев дар асари «Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» – и худ, аз сабаби дар замони Нӯҳ ибни Наср [943–954] вазъи мафкураи сиёсии давлати Сомониён мураккаб гардида, аксарияти одамон ба мазҳабҳои мухталиф рӯ оварда, ба роҳи гумроҳӣ рафтаанд, барои аз нуқсу хато ислоҳ намудан ва солиму комил гардонидани мафкураи дини ислом аҳли илму маърифатро ба ҳузури худ талабида, ба онҳо чунин супориш додааст:

«…ҳуҷҷати дар ин бора [озодии андешаи динӣ] ба даст даровардаи В. Жирмунский низ қобили диққат мебошад. Ин муаллиф дар «Ҷунг дар тасаввуф» ном китоби маҷмӯаи мақолот, ки таҳти рақами 386 дар китобхонаи донишгоҳи Санкт Петербург нигоҳ дошта мешудааст, рисолаеро пайдо кардааст, ки дар муқаддимаи он дар бораи дар замони Сомониён озод будани амалиёти аҳли дин ва мазҳабҳои ғайри мазҳаби расмии исломӣ маълумоти муҳими зерин дода шудааст:

«Бидон ки сабаби таснифи ин китоб он бувад, ки гумроҳон, яъне ҳаводорон чун ба Самарқанду Бухоро ва Мовароуннаҳр… бисёр шуданд, аиммаи фуқаҳо ва уламои Самарқанду Бухоро ва Мовароуннаҳр… ҷамъ омаданд ва ин суханро ба волии аҳд, ки аз оли Сомон буд, расониданд.

Амири Сомонӣ аз бас он ки уламои Мовароуннаҳрро ҷамъ карда, фармуд то: баён кунанд мазҳаби рост ба тариқи суннат ва ҷамоатро.

Аиммаи Бухоро… ишорат ба Хоҷа Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ… карданд ва ӯро гуфтанд:

– «Баён кун моро роҳи рост ва мазҳаби Суннатро, ки роҳ ва сирати Расул… бувад ва равишҳои Ҳазрати ӯ… ва ёрони ӯ ва хулафои Рошидин аз паси ӯ… ва мазҳаби уламо, ки аз «Аҳли Суннат ва Ҷамоат» буданд… ва мазҳаби имоми имомон ва шоҳаншоҳи фиқҳ Абуҳанифа Ан-­Нӯъмон бинни Собит ал-­Куфӣ… ва ҳамаи асҳоби ӯ…».

Пас Амири Сомонӣ фармуд, ки:

– «Ин китобро ба порсӣ бояд кард, то хосу омро манфиат бувад ва мазҳаби Суннатро некӯ донанд ва аз бидъатҳо дур бошанд…»1.

Матни муқаддимаи ин рисола худ сабаби навишта шудан ва ғояи асосии асарро ба хубӣ рӯшан намудааст.

Ин воқеа шояд дар соли 943 рух дода бошад, зеро дар ин давр Нӯҳ ибни Насри II [943–954] ба тахти давлати Сомониён нишаста, Насрро ба зиндон андохту Муҳаммади Нахшабиро ба дор кашида, Рӯдакиро кӯр кард ва барои пахшу саркӯб намудани таълимоти ҳаракати қарматияи мазҳаби ботиния муборизаи шадид бурда буд.

Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ соли 953 вафот намуда, ӯ дар қабрис­тони Чокардизаи Самарқанд дафн карда шудааст.

Уламои мутакаллиму муҳаддиси сарзамини Мовароуннаҳр барои такомули илмҳои усули дину усули фиқҳ рӯзгори худро сарф намуда, барои солиму комил гардонидани мафкураи сиёсии дини ислом муборизаибузург бурдаанд. Ҳамин аст, ки то ҳол дар олами дини ислом уламои мутакаллиму муҳаддиси сарзамини Осиёи Марказиро бо эҳтиром эътироф намуда, осори онҳоро бо эътибори баланд мутолиа менамоянд.

МАНБАЪ:

1 Мирзоев А. Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, Сталинобод – 1958. 280 с ./ саҳ. 37.

2 Ӯзбекистон – буюк алломалар юрти. Биринчи китоб, Тошкент, «Маънавият», «Мовароуннаҳр» –2010. 400 б. / Убайдулла Увватов Абу-­л-­Муъин Ан-­Насафий. 172–198 бетлар. / бети: 191.

3 Қурашӣ, Абдулқодир, Алҷавоҳир-­ул-­музиа, саҳ. 43.

Н.ЧОРИЕВ,
омӯзгори Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд
.