Устоди устодон

Устоди устодон

  • Post category:Маориф

Очерк

Олими самарқандӣ Аҳмадҷон Солиев дар Донишгоҳи Торонто дарс мегуфт. Вай рӯзи истироҳат ба шаршараи Ниагара омад, ки он дар сарҳади ду кишвари бузург – Канада ва Амрико воқеъ буд. Гурӯҳ-­гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ равуо доштанд. Ӯ барои тамошои обшор ҷойи муносибро ёфт ва ба атроф зеҳн монд. Аз баландӣ ба поён рехтани оби дарёи Ниагара аҷиб шавқангезу ҳаяҷонбахш ба назар мерасид. Охир ин шаршараи мӯъҷизаофар аз баландии 50–60 метр поён мерехт. Ба шаршара нигариста кас рангинкамонро медид.

«Аҷаб манзараи дилфиреб, – бо ҳайрат аз дил гузаронид Аҳмадҷон Солиев. – Кош, дӯсти қаламкашам, ҳамсинфам дар паҳлӯям бошаду тас­вирашро рӯйи коғаз оварад.

– Сэр, узр, – густохона аз шафаташ ҷой гирифтани сайёҳе риштаи хаёли ӯро канд, – бо иҷозати шумо як-­ду акс бардоштаниям.

Аҳмадҷон Солиев ноилоҷ ҷояшро ба сайёҳ холӣ кард. Якчанд нафар ба забони хориҷӣ гуфтугӯ карда, атрофро аксбардорӣ менамуданд. Аҳмадҷон Солиев аз гуфтугӯи онҳо фаҳмид, ки мардум ба забони англисӣ ҳарф мезананд. Он мард чанд акс гирифта, аз рӯйи одобу илтифот ба Аҳмадҷон Солиев миннатдорӣ кард ва ҳисси кунҷковиаш боло гирифта пурсид, ки аз куҷост. Аҳмадҷон Солиев озод ба забони англисӣ гуфт.

– Аз шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон.

– Аҷиб, ин кишвар дар Африқо ё Русия?

– Ӯзбекистон дар Осиёи Миёна, – фаҳмонд Аҳмадҷон Солиев. – Ин шаҳр таърихи қариб панҷҳазорсола дорад. Номаш Самарқанд.

– О, кей! – вай бо завқ хандид. – Кишвари ибни Сино ва Ал-­Хоразмӣ.

– Ёфтед, – хушҳолона гуфт Аҳмадҷон Солиев. – Шахсан ман вориси асосгузори алгебра – Ал-­Хоразмӣ ҳас­там. На баҳри ситоиш, балки барои маълумот гуфтанам лозим аст, ки доктори фанҳои физика-­математика, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошам.

– Зӯр-­ку! – сайёҳи ба риққатомада, ошнои нави худро самимона ба оғӯш кашиду ба яке аз ҳамроҳонаш дастгоҳашро дода фармуд, ки аксбардорӣ намояд.

Дар як лаҳза атрофи Аҳмадҷон Солиевро сайёҳон гирд карда, акс гирифтанд.

– Иқрор шавед, ки шумо на рус ва на англис ҳастед, – кадоме аз ҳозирон луқма партофт. – Дуруст гуфтам?

– Албатта, – дар лабони Аҳмадҷон Солиев табассум ҳувайдо гашт, – Ватанам Ӯзбекистон ва дар донишгоҳ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ дарс медиҳам. Панҷ сол дар Русия таҳсил гирифтам. Асарҳои Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Муҳаммад Иқболро дар нусхаи асл мутолиа мекунам.  – Минбаъд бо таърих ва пайдоиши халқҳои шумо ҷиддӣ машғул мешавем, – гуфт яке аз онҳо. – Хурсандем, ки бо яке аз намояндагони ин халқи маърифатпарвар шинос шудем. Ба Америкаи Ҷанубӣ – штати мо омада дарс гузаред.

– Ташаккур, Худо хоҳад, албатта!

Сайёҳон роҳи худро идома доданд. Вай боз ба тамошои атроф машғул шуд. Ӯ аз мӯъҷизаҳои нотакрори табиат баҳра мебурд ва қалбаш ба шӯр меомад. Якбора айёми мактабхонӣ пеши назараш ҷилвагар шуд…

Аҳмадҷон Солиев дар мактаб аз ҳама фанҳо баҳои аъло мегирифт. Муаллимаи забони русӣ Болшакова андеша дошт, ки шогирдаш таваҷҷӯҳ ба адабиёти рус дорад. Омӯзгори кимиё Рубинов умедвор буд, ки аз ӯ Менделеев ба камол мерасад, инчунин дигар устодон ақида доштанд, ки чун Аҳмадҷон Солиев вориси муносиб доранд.

Тазоди ҳаётро бинед, ки муаллими риёзӣ ба ӯ парвое надошт. Дарси худро ҳамчун вазифа дониста, 45 дақиқаро дар синф мегузаронд. Танҳо ду-­се нафар хонандаи гаправу қобил ӯро гӯш мекарданду дигарон саргарми кори худ буданд.

Он ду-­се нафар толибилм дар маҳфили «Математикони ҷавон» иштирок карда, дониши худро мукаммалу мустаҳкам мекарданд. Дар байни онҳо Аҳмадҷон Солиев низ буд.

Вай аз фанни риёзӣ дар озмуни ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок карда, ҳар сол ҷойҳои ифтихориро ишғол мекард.

– Ғолиби олимпиадаи вилоятӣ шудан, – мегуфт роҳбари маҳфил Нарзиев, – маънои риёзиро беҳтар донис­танро надорад. Гузаштагони мо, аз ҷумла Берунӣ, Хоразмӣ, Умари Хайём ва даҳҳо дигарон таъкид кардаанд, ки омӯхтани фанни риёзӣ кори осон нест. Лекин агар кас ба ин фан ҳавас­манд бошад, як умр хоҳиши аз он ҷудо шудан намекунад.

Омӯзгор барои тасдиқи фикр масъалаю мисолҳоро бо роҳҳои гуногун ҳал мекард ва шавқи хонандагонро нисбат ба ин фан меафзуд.

Ғайр аз мактаб дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд курси махсуси риёзӣ ташкил шуда буд, ки дар он муаллимони фидокор рӯзҳои истироҳат ба хонандагони шавқманд бепул дарс мегузаштанд. Аҳмадҷон низ яке аз онҳо буд. Ҳамроҳи ҳаммактабиён Қаҳҳорӣ, Султонмуродӣ ва дигарон дар дарсҳо иштирок мекард. Ҳангоми таътили тобистона ба устои гилкор шогирд истода, пул меёфт, то дар соли нави таҳсил бо либоси наву тоза ба мактаб равад. Зеро маоши падари омӯзгораш танҳо ба рӯзгор сарф мешуд.

Аҳмадҷон устокориро чунон дӯст медошт, ки баъди хатми мактаб хост донишҷӯйи Донишкадаи давлатии меъмориву сохтмонии Самарқанд шавад. Ҳатто ҳуҷҷатҳои худро ба ин боргоҳи илм супурда, ба имтиҳонот тайёрӣ дид. Аз ин воқеа роҳбари маҳфили «Математикони ҷавон»-и донишгоҳ Асад Амонов хабар ёфта, ӯро назди худ хонд.

– Ҳа, ҷӯраҷон, ту куҷо рафтӣ? – пурсид ӯ. – Зуд раву ҳуҷҷатҳоро гирифта, онҳоро ба факултаи мо супор! Фаҳмо?

Ҳуҷҷатҳоро баргардонида гирифтан осон нашуд. Зеро соҳибони медали тилло дар ҳисоби махсус буданд. Ӯ бо як азоб ҳуҷҷатро гирифту ба пешниҳоди роҳбари маҳфил амал кард. Имтиҳони қабулро бомуваффақият супурда, донишҷӯи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид.

Дар курси чорум таҳсил мегирифт, ки аз Маскав Брюно ном олими ҷавон омад. Ташрифи ӯ барои донишҷӯён як воқеаи аҷиб буд. Охир на ҳама дар синни 27-солагӣ соҳиби унвони доктори фанҳои физика-­математика мешуд. Александр Дмитревич, инчунин унвони профессори Донишгоҳи давлатии Маскавро низ дошт.

Аксарияти ҷавонони ташнаи илм ба олим бо ҳавас менигаристанд.

– Чаро ӯ ба мо дарс намегузарад? – рӯзе эътироз кард як нафар донишҷӯ. – Мо ҳам мехоҳем аз сӯҳбати ӯ баҳра барем.

– Марҳамат, – гуфт роҳбари гурӯҳ Шаҳоб Шариф, – донишҷӯёни хоҳишманд метавонанд ба маърӯзаҳои вай иштирок кунанд.

Дар ҳақиқат, Брюно дар боби ал-­ҷабр ва назарияи ададҳо бисёр чизро медонист.

– Ман тайёрам, – гуфт рӯзе вай ба донишҷӯён, – то ба пурсишҳои шумо аз риёзӣ ҷавоб гӯям.

Дар давоми се моҳ ҷавонони самарқандӣ аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтанд. Онҳо ба Александр Дмитревич пеш аз бозгашт аз курси махсуси риёзӣ имтиҳон супурданд. Аҳмадҷон Солиев ва чанд нафари дигар аз санҷиш гузаштанд. Олими рус аз 12 нафар танҳо ду нафарро интихоб кард.

– Аҳмадҷон, шумо дар Маскав хондан мехоҳед? – пурсид вай. – Илмдӯстии шумо ба ман хеле писанд омад.

– Ба ман Ленинград маъқул, – фикри худро баён кард Аҳмадҷон Солиев. – Шаҳри зебо ва муҳити илмиаш ҳам хуб мегӯянд.

– Дуруст, – тасдиқ кард Брюно. – Лекин олимони беҳтарин дар марказ, яъне Маскав ҳастанд. Ҳангоми интихоб ҳамин нуктаро ҳам аз назар дур нагузоред.

Баъди сӯҳбати гуворо ва ошкоро донишҷӯи самарқандӣ дудила шуд. Намедонист, ки баъди хатми донишгоҳ ба Ленинград равад ё Маскав? Ба Аҳмадҷон дар ҳалли ин муаммо декани факулта, профессор Нарзуллоев маслиҳат дод. Аҳмадҷон Солиев ба пойтахти Русия билет харид ва пеш аз сафар аз падар роҳи сафед талабид.

– Писарҷон, – гуфт қиблагоҳаш Солеҳҷон амак, – ту фарзанди калони оила. Пас аз ту боз ҳашт нафар хоҳару додаронат низ мактабхону донишҷӯ. Росташро гӯям, ман ба ту ёрии моддӣ дода наметавонам.

– Дадаҷон, аз шумо дуо кифоя, – гуфт ӯ. – Агар илоҷашро ёбам, ман ба шумо ёрӣ мерасонам.

Солеҳҷонака завқ карда хандид ва писарашро ба оғӯш кашиду аз пешониаш бӯсида:

– Ба ту бовар мекунам, лекин ту ҳеҷ гоҳ бо чӣ мақсад рафтанро фаромӯш накун! – гуфт. – Фақат хон, саратро хам карда хон, бачем.

Аҳмадҷон аз волидайн дуо гирифта ҳамроҳи ҳамкурсаш ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов омад.

Александр Дмитревич меҳмонони самарқандиро хуш пазируфт. Барои истиқомат аз хонааш ҷой дод. Дар донишгоҳ низ ба онҳо роҳбалад буд. Бо чанд ҳамкасбони худ шинос кард. Аҳмадҷон Солиев ҳангоми саволу ҷавоб бо донишҷӯёни Маскав яқин донист, ки дониши вай ба дараҷаи кофӣ нест. Аз ҳамин сабаб, аз бахши аввал ҳамчун шунавандаи озод асрори риёзиро аз сари нав ба омӯхтан шурӯъ кард. Шаб то саҳар илм меомӯхт. Он солҳо аз сабаби носозгории шароити иқтисодӣ хӯроки пурғизо ва шикамсерӣ намехӯрд. Ба пулаш танҳо китоб мехарид. Бедориву хастагии пайваста, охирон асорати худро нишон дод. Аҳмадҷон бистарӣ шуд. Дар беморхона хеле хоб рафта, табобат ёфт. Пас аз сиҳат гардидан боз таҳсилро давом дод. Воқеан, ҳамкурсаш ба душворӣ тоқат накарда, аз баҳри хондан баромаду роҳи Самарқандро пеш гирифт. «Барои ман бозгашт нест, – худ ба худ мегуфт Аҳмадҷон Солиев. – Ман бояд хонам ва бо рӯи сурх назди волидайн, устодону дӯстон, хешу ақрабо баргардам».

Дуруст мегӯянд, ки ҷӯянда, ёбанда аст. Меҳнати ӯ бар абас нарафт. Вай акнун дар байни донишмандони Маскав ба эҳтиром соҳиб шуда буд. Охир академикҳои машҳур чун Тихонов, Арнолд, Зорич, Оленик, Тихомиров ва дигарон аз ӯ имтиҳон мегирифтанд. Маҳз бо хайрхоҳию дастгирии онҳо номзади фанҳо шуд.

Баъди чопи кори илмии ӯ дар маҷаллаи Академияи Улуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба суроғааш хеле мактуб омад. Донишгоҳи Елии штати Чикаго ӯро барои маърӯза кардан даъват фиристод. Вай аз он хушҳол гардида, ҳуҷҷатҳояшро тайёр кард. Лекин идораҳои дахлдор гуфтанд, ки ӯ ҳуқуқи ба хориҷа рафтан надорад, зеро баъзе соҳаи корҳои илмии вай бо сирри ҳарбӣ вобастагӣ дорад. Аз чунин ранг гирифтани масъала дар шигифт монда, ариза навишту хоҳиш намуд, ки ихтиёран ба Афғонистон меравад ва дар Донишгоҳи давлатии Кобул аз риёзӣ дарс медиҳад.

– Ба Амрико иҷозат нашуд, – гуфтанд ба ӯ. – Шумо боз чӣ тавр орзуи Кобул мекунед?

Аҳмадҷон Солиев ноилоҷ, ба тақдир тан дода, боз бо кори илмии худ машғул шуд. Ӯ бо роҳхат ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба кор омад. Аввал омӯзгори оддӣ буд, сипас дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо таъин шуд.

Дар маҷаллаи бонуфузи «Алгебра и анализ» (Ал-­ҷабр ва таҳлил) мақола эълон кард, ки он диққати олимони соҳаи риёзии ҷаҳонро ба худ кашид. Ба суроғаи ӯ пасу пеш даъватномаҳо омаданд. Дар аксарияти онҳо аз Аҳмадҷон Солиев хоҳиш мекарданд, ки дар ҷамъомадҳои бонуфузи олимон ва дар донишгоҳҳои обрӯманди ҷаҳон маърӯза хонад.

Аҳмадҷон Солиев рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуда, унвони профессорро соҳиб гардид. Сипас, азми сафари хориҷа кард. Нахуст ба мамлакати Эрон рафт. Вай дар донишгоҳҳои Теҳрону Машҳад, Шерозу Нишопур маърӯза хонд. Дар рӯзҳои фориғ аз тадрис мақбараҳои пайғамбарони назми форсу тоҷикро зиёрат намуд, қадамҷои Абулқосим Фирдавсӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Умари Хайёмро бо чашмони худ дид.

Сипас, ба Фаронса, Белгия, Англия, Канада, Амрико, Ҷопон, Швесария, Италия, Лаҳистон, Испания, Таиланд, Ҳолландия, Олмон, Чехия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон сафар намуд.

Аҳмадҷон Солиев ҳар як мулоҳиза ва андешаи худро аз зери призмаи математикӣ, ба забони оддӣ гӯем, бо исботу далели раднопазир баён мекунад.

– Шахсе, ки худро ба риёзӣ бахшидааст, – мегӯяд Аҳмадҷон Солиев, – кӯшиш мекунад, то математика ба маънои том кори тамоми ҳаёташ гардад. Ба ҳар як воқеа ва ҳодиса танҳо аз нуқтаи назари тараққиёти математикӣ менигарад.

Шахсан худам чӣ қадар бештар бо риёзӣ машғул шавам, вай ҳамон қадар барои ман шавқовар, асрорангез ва беохир менамояд.

Хушбахтона қарори мӯҳтарам Президентамон доир ба такмилу ривоҷ додани математика имзо гардид. Акнун дар шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон мактаби риёзиомӯзӣ ташкил шуд. Дар назди донишгоҳ низ мактаби махсус фаъолият мебарад.

Бояд таъкид намуд, ки қаҳрамони очерки мо на танҳо устоди устодон, инчунин падари бузургвори ду нафар фарзанд ва панҷ нафар набераҳо мебошад.

Вай инчунин табиат ва боғбониро дӯст дошта, шоҳмот низ ҷону дилаш аст.

Мо аз номи ҳамсинфон ӯро бо иди муаллимон табрик гуфта комёбиҳои нав ба нав таманно мекунем.

Ҳасан ШОДИЕВ, доктори фанҳои философӣ, профессори Донишгоҳи Ватерлоо, Канада,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.