Пешгирии паҳншавии «вирус»-и ғояи зӯроварӣ муҳим мебошад

Пешгирии паҳншавии «вирус»-и ғояи зӯроварӣ муҳим мебошад

  • Post category:Ҷамъият

Нутқи Президенти муҳтарамамон Шавкат Мирзиёевро дар анҷумани 72-юми Сарассамблеяи СММ шунида, як олам таассуроти наҷиб гирифтем. Хеле хурсандиовар аст, ки роҳбари давлатамон дар минбари баланди ҷаҳонӣ на танҳо дарду ташвишҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба миён гузошт, балки таклифҳои оламшумуле пешниҳод намуд, ки барои манфиатҳои аҳли ҷаҳон муҳим аст. Нутқи мазкурро на танҳо шаҳрвандони кишварамон, балки аҳли ҷаҳон бо мамнуният шунида, муносибати худро баён намуданд. Чунончӣ, депутати Сейми Полша гуфт, ки «Бартараф кардани камбизоатӣ самти устувори сиёсати Президенти Ӯзбекистон ҳисоб меёбад».
Вақте ки бодиққат таклифҳои пешгузоштаи Президентамонро аз назар мегузаронем, то кадом дараҷа муҳим ва дорои аҳамияти байналхалқӣ будани он маълум мегардад. Аз ҷумлаи чунин пешниҳодҳои инсондӯстона дар давраи пандемия таҳти шафеъгии СММ таҳия кардани Кодекси байналхалқӣ оиди маҷбуриятҳои ихтиёрии давлатҳо, афзудани нақши парламентҳо дар ноил шудан ба мақсадҳои тараққиёти барқарор ва таъмини ҳуқуқҳои инсон, резолютсияи махсуси Сарассамблеяи СММ, кушодани маркази минтақавии ривоҷи алоқаҳои нақлиётӣ-­коммуникатсионӣ, дар шафати СММ ташкил кардани Кумитаи доимамалкунандае, ки дарду ташвишҳои халқи афғонро мешунавад, резолютсияи махсуси Сарассамблеяи СММ доир ба ҳудуди экологии инноватсия ва технологияҳо эълон кардани минтақаи назди баҳри Арал мебошанд.
Хусусан, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки диққати аҳли ҷаҳон ба он нигаронида шуд, ин таълиму тарбияи ҷавонон ба шумор меравад. «Ояндаи сайёраамон, фаровонии аҳолӣ ба он вобаста мебошад, ки фарзандонамон чӣ гуна инсон шуда ба камол мерасанд. Вазифаи асосии мо – ба вуҷуд овардани шароит барои салоҳияти худро намоён кардани ҷавонон, пешгирӣ намудани паҳншавии «вирус»-и ғояи зӯроварӣ мебошад», таъкид намуд роҳбари давлатамон.
Ҳамаи ин таклифҳо дар натиҷаи ба ҳисоб гирифтани он пешниҳод шудаанд, ки дар дунё ҷавонон қувваи бузурги иҷтимоиро ташкил медиҳанд. Дар ин роҳ таклифи Президентамон доир ба таҳия кардани конвенсияи байналхалқии СММ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон хеле муҳим ба шумор меравад.

Муҳаммадсобир МУҲАММАДЗОДА,
донишҷӯйи факултети физикаи ДДС.