Рақамикунонии фаъолияти корхонаҳо – омили афзудани рақобатбардорӣ

Рақамикунонии фаъолияти корхонаҳо – омили афзудани рақобатбардорӣ

  • Post category:Иқтисод

Маълум ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев 22-юми сентябри соли ҷорӣ доир ба масъалаи дар шабакаҳо ва ҳудудҳо ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ маҷлиси селекторӣ баргузор гардид. – Роҳбарони шабака ва ҳудуд­ҳо бояд дарк намоянд, ки бе рақамикунонӣ натиҷа, рушд намешавад, – гуфт сарвари давлатамон. Доир ба иқтисодиёти рақамӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ 530-то лоиҳаи ҳудудӣ ва 280-то шабакавӣ омода гардидааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон соли 2019 нархи ҷории маҳсулоти дохилии яклухт 511838,1 млрд сӯмро ташкил карда, нисбат ба соли 20185,6 фоиз афзудааст. Индекси дефлятор 119.2 фоизро ташкил дод. Шумораи умумии корхонаву ташкилоти мамлакатамон ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 то 419,2 фоиз, корхонаҳои фаъолиятдошта бошад, ба 398133-то расид. Аз инҳо: 17,7 фоиз ба соҳаи саноат, 9,1 фоиз сохтмон, 254 фоиз савдо, соҳаҳои дигар 48,8 фоиз рост омад.
Аз ҷумлаи корхона ва ташкилоте, ки дар хоҷагиҳои қишлоқ, ҷангалпарварӣ ва моҳидорӣ фаъолият доранд, 92,6-тоаш хоҷагии фермерӣ, 5 ҳазортоаш деҳқонӣ (ёрирасони шахсӣ) буда, боқимондааш истеҳсолкунандаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба шумор меравад.
Аз рӯйи арзиши иловашудаи яклухти соҳаҳо саҳми хоҷагии қишлоқ (якҷоя бо хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ) 28,1 фоиз, саноат 30 фоиз, сохтмон 6,4 фоиз, савдо ва хизматҳои хӯрокворӣ 6,9 фоиз, боркашонӣ ва ҳифзи он, ахборот ва алоқа 7,7 фоиз ва хизматҳои дигар 20,9 фоизро ташкил медиҳанд.
Асоси тамоми маҳсулот ва хизматҳоеро, ки ба халқ расонида мешавад, корхонаҳо ташкил медиҳанд. Корхонаҳо субъекти ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи пеш бурдани фаъолияти хоҷагии мустақилонаро доранд. Аз рӯйи вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба зимма доштаашон онҳоро чунин тасниф намудан мумкин аст:

  1. Аз рӯйи шаклҳои мулкӣ (мулки давлатӣ, хусусӣ, корхонаҳои муштарак…);
  2. Аз рӯйи хусусияти соҳавӣ (саноатӣ, хоҷагии қишлоқ, сохтмонӣ…);
  3. Аз рӯйи шаклҳои ҳуқуқии ташкилӣ (давлатӣ, ҷамъияти саҳҳомӣ, фардӣ, шарикӣ…);
  4. Аз рӯйи ҳаҷми корхона (хурд, миёна ва калон).

Ба ғайр аз ин, аз рӯйи мақсади пешгузош­таашон (тиҷоратӣ, нотиҷоратӣ), аз рӯйи намуди захираи истифодабурда (захираҳои табиӣ, молиявӣ…), миллӣ буданашон ва ҳоказо ҷудо мешаванд.
Мутобиқи фикри мутахассисон, имрӯз дар давоми ҳар ним сол мавҷи ахборӣ ду баробар меафзояд. Аз ин сабаб, якҷоя бо таҳлили анъанавӣ таҳлили «5 рақобати боқувват»-и Портер низ васеъ истифода бурда мешавад. Он таҳлилҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Таҳлили ҳукмфармоии харидори истеъмолгар дар бозор;
  2. Таҳлили дараҷаҳои муборизаи рақобатӣ;
  3. Дар бозор пайдо шудани ишғолкунандагони ҷойи маҳсулот (хизматҳо);
  4. Таҳлили хавф, эҳтимоли пайдо шудани рақобаткунандагон дар бозор;
  5. Таҳлили ҳукмфармоии фиристандагони маҳсулот дар бозор.

Корхона, ширкат ҳамин 5 усулро таҳлил карда, ба ҳаракати рақобаткунандагон ҷавоб медиҳад ва ба натиҷаҳои он нигоҳ карда, стратегияи фаъолиятро барои максималинамоии фоидаи корхона, ширкат кор карда мебарояд. Дар замони имрӯза фаъолияти корхонаро таҳлил кардан, онро мувофиқи фаъолияти рақобатӣ аз нав кор кардан вақти зиёдро талаб намуда, суръати корро суст мекунад. Дар чунин шароит роҳи ягона рақамикунонии иқтисодиёт мебошад.
Иқтисодиёти рақамӣ сохторе мебошад, ки дар асоси истифодабарии технологияҳои рақамӣ алоқаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро меафзояд. Он захираҳои зиёдро ҷалб менамояд ва ҳамин хусусияташро ба назар гирифта, Президенти мамлакатамон дар Муроҷиатномаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда буд: «… ин кор набояд мушкилӣ ба вуҷуд оварад, агар ин корро имрӯз сар накунем, фардо дер мешавад». Ҳамин ҷиҳатҳои шароитро ба ҳисоб гирифта, соли 2020 «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» эълон гардид.
Дар натиҷаи рақамикунонии фаъолияти корхона мотиватсия қувват дода шуда, барои фаъолият пеш бурдан тибқи шиори японии «Имрӯз аз дирӯз, фардо аз имрӯз беҳтар кор кардан» раҳнамоӣ мекунад. Ба тариқи мисол фаъолияти 3 корхонаеро, ки дараҷаи рентабелнокиашон як хел аст, аз назар мегузаронем:

НишондиҳандаҳоКорхонаҳо
 123
Захираҳои меҳнатӣ:
Самаранокии меҳнат321
Суръати афзоиши самаранокии меҳнат123
Маоши миёнаи моҳона123
Воситаҳои меҳнати кормандон321
Суръати афзоиши маоши миёнаи моҳона321
Захираҳои моддӣ:
Бозгашти фондҳо123
Ғунҷоиши фондҳо112
Рентабелнокии фондҳо122
Захираҳои молиявӣ
Рентабелнокӣ111
Саҳми худи корхонаҳо132
Рентабелнокии хароҷот123
Ҷамъ:172320

Ба мисли ҳамин баллҳо мақсад ва вазифаҳои пешгузоштаро ба назар гирифта, фаъолияти корхонаро нисбати соли гузашта баҳо додан мумкин аст. Истифодаи чунин роҳи муқоиса ба он оварда мерасонад, ки то қадри имкон зарарро пешгирӣ намуда, дар мубориза бар зидди иқтисодиёти хуфёна шаффофӣ таъмин гардад.
Ба фикри мо, ба воситаи рақамикунонии фаъолияти корхона маълумоти максималиро таҳлил намуда, фақат ҷиҳатҳои мусбиашро ривоҷ дода, дар ҳамин асос рақобатбардориро афзудан мумкин аст.

Аҳтам НИЗОМОВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти шабакаҳои факултети Иқтисодиёти рақамии ДДС,
Акмал АМИРОВ,
докторант.