Баланд аст аз фалак шони муаллим!

Баланд аст аз фалак шони муаллим!

  • Post category:Маориф

Дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён дар Маркази байналмилалии конгресси Тошканд бо иштироки роҳбари давлатамон маросими бошукӯҳ баргузор гардид. Як гурӯҳ омӯзгорон, мураббиён ва тарбиячиёни фаъоли самарқандӣ дар Маркази ҷавонони Самарқанд ҳозир шуда, онро ба таври онлайн диданд.
Иштирокчиёни тадбир табрикоти идона ва муроҷиати Президентамонро ба ходимони соҳа шуниданд.
Ҳоло дар сохтори таълими халқи вилоят 1247 мактаби таълими умумӣ, 8 мактаб интернати махсус, 1 хонаи меҳрубонӣ ва 17 маркази «Баркамол авлод» фаъолият пеш мебарад. Дар ин масканҳо беш аз 54 ҳазору 500 нафар омӯзгор ва мураббиён ба авлоди наврас таълиму тарбия медиҳанд.
Мувофиқи фармони дахлдори вазири таълими халқ барои фаъолӣ ва корҳои фидокорона дар таълиму тарбияи авлоди баркамол, ҳиссаи арзанда барои ба воя расондани ҷавонони босалоҳият 50 нафар педагогҳо бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ» ва 3 нафар бо «Фидоии таълими халқ» мукофотонида шуданд.
Агар дар соли 2017 дар вилоятамон 564 муассисаи таълими томактабӣ фаъолият дошта, 63 ҳазор бачаҳои синни томактабӣ (21 фоиз) ба он фаро гирифта шуда бошанд, дар айни ҳол шумораи боғчаҳо 2008-торо ташкил мекунад. Дар ин муассисаҳо аз 324 ҳазор нафар бачаҳои синнашон 3–7 солаи вилоят 169 ҳазор нафарашон (52 фоиз) фаро гирифта шудаанд.
Имрӯзҳо дар вилоятамон 74-то (37 мактаби касбу ҳунар, 15 коллеҷ ва 22 техникум) муассисаҳои таълими касбӣ мавҷуданд. Дар соли таҳсили нав онҳо 8986 нафар хатмкунандагони синфи 9-ро қабул карданд. Барои коллеҷҳо 5285-то, техникумҳо 9290-то нақшаи қабул муайян шудааст.
Ҳоло дар 9 мактаби олие, ки дар Самарқанд мавҷуд аст, 40 ҳазор донишҷӯ таҳсил мегирад. Ба онҳо 3276 педагог-­устодҳо, аз ҷумла 3 нафар академик ва 262 нафар доктори фан сабақ медиҳанд.
Дар 2 коллеҷи захираҳои олимпӣ, 22 мактаби варзиши бачаҳо ва наврасон, 5 мактаби ихтисосонидаи варзиши бачаҳо ва наврасон ва 2 мактаби маҳорати футбол низ 928 нафар омӯзгор-­мураббиёни фидоӣ самаранок меҳнат мекунанд.
Ҳоло 29 нафар омӯзгор ва мураббиёни самарқандӣ унвони ифтихории «Муаллими халқии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон», 31 нафар «Ходими хизматнишондодаи таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон», 35 нафар «Мураббии хизматнишондодаи ҷавонони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» ва 3 нафар «Устоди хизматнишондодаи спорти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» шудаанд
Пас аз маросим ҳокими вилоят Э. Турдимов иштирокчиёни тадбирро бо ид табрик карда, ба пешқадамони соҳаи таълиму тарбия Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҳокимиятро супурд.
Ба муносибати иди касбӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ тадбирҳои мукофотонидани омӯзгорону мураббиёни фаъол баргузор гардид.