Оё доғҳо сабаби беморӣ аст?

Оё доғҳо сабаби беморӣ аст?

  • Post category:Саломатӣ

Баъди синни панҷоҳ дар рӯйи баъзе одамон доғҳои сиёҳтоб пайдо шуда, кайфиятро вайрон мекунад. Ба симои берунаи одам соя афканда, синни одамро аз будаш зиёд нишон медиҳад. Агар сабаби пайдо шудани доғро муайян кунед, аз онҳо халос шудан осон аст.
Доғҳоеро, ки дар рӯй, даст ва дигар ҷойҳои танаи одам ҷойгиранд, дар тиббиёт «гиперпигментатсия» мегӯянд. Доғҳои пигментӣ калонтар шуда, ба нохост пайдо мешаванд.
Сабаби пайдо шудани доғҳо гуногун, аз ҷумла вайрон шудани фаъолияти ҳуҷайраҳо аст. Дар натиҷаи ин, аз пешина бештар меланин истеҳсол карда мешавад. Худи доғҳо хавфнок нестанд, вале бояд фаромӯш накард, ки онҳо аз сабаби тағйиротҳо дар организм ба рӯ мебароянд. Ин тағйирот бошад, аз нуқтаи назари тандурустӣ метавонад хавфнок ё ки бехавф шавад.
Табобатро чӣ хел бояд оғоз кард?
Беш аз ҳама худдавокунӣ тавсия дода намешавад. Албатта, бо шифокор маслиҳат бояд кард. Дар акси ҳол донистаю надониста ба асоратҳо рӯ ба рӯ шудан мумкин аст.

Гулираъно МАҲМУДОВА,
терапевт.