Занҷабил (имбир) кирмҳои меъдаро мерезонад

Занҷабил (имбир) кирмҳои меъдаро мерезонад

  • Post category:Саломатӣ

Мизоҷи тару тозааш дар дараҷаи саввум гарм ва дар якум хушк аст. Мизоҷи хушкаш дар дараҷаи дуввум хушк ва бо рутубати зиёдатӣ мебошад.
Занҷабил – ин бехрешаи гиёҳест, ки ба решаи сабзии саҳроӣ мемонад, вале аз он майдатар ва баргҳояш борики дароз аст. Ин дар сарзамини Ҳиндустон бисёр аст. Навъҳои кӯҳӣ ва даштӣ низ дорад. Дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ёфт мешавад.
Хусусиятҳои шифобахши занҷабил: хӯрдани ин қуввати ҳофизаро афзун мегардонад, инчунин қуввати узвҳои ҳозимаро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, зиёд месозад; гиреҳи ҷигарро мекушояд, бодҳои ғализи меъда ва рӯдаҳоро таҳлил медиҳад; балғам ва рутубати ғафси ба сатҳи даруни меъда часпидаро пароканда мекунад; зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад; инчунин исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал омадааст, манъ менамояд; заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад; агар ташнагӣ аз зиёд гаштани балғам ба миён омада бошад, таскин медиҳад. Бо набот ва шилми кундур бихӯранд, зарари, яъне газанди аз хӯрдани меваҳои тар баамаломадаро дафъ месозад.
Ҳар рӯз як грамм занҷабили кӯфтаро бихӯранд, сардии асабҳоро дафъ мекунад, инчунин ташнагии балғамиро таскин медиҳад.
Занҷабилро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро нест мекунад.
Ҳар рӯз як грамм занҷабиро кӯфта бихӯранд, даруни шахшударо мулоим мекунад.
Ҳар рӯз ду грамм занҷабилро кӯфта бихӯранд, кирмҳои меъдаро мерезонад.
Агар ду грамм занҷабилро кӯфта бо набот бихӯранд, рутубати меъдаро дафъ мекунад.
Ду грамм занҷабилро бихӯранд, заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад.
Ҳар рӯз як грамм занҷабилро кӯфта бихӯранд, барои фалаҷ, ки сабабаш сардӣ бошад, дору мешавад.

Таҳияи Л.РАҲИМӢ.