Китобро аввал кӣ бояд хонад?

Китобро аввал кӣ бояд хонад?

  • Post category:Фарҳанг

12-уми сентябри соли 2020 дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» мақолаи калони Бахтиёри Ҷумъа «Чӣ бояд кард?» чоп шуд. Мас­ъалаҳои муҳим дар он бардошта шудааст. Ман ин мақоларо хондаму як воқеае, ки солҳои аввали 60-уми асри гузашта шоҳидаш шуда будам, ба хотирам омад. Мо як холахонде доштем, ки дар деҳаи Кӯтарма истиқомат мекард. Вай аз модарам 3 сол хурд буд. Ӯ касбу ҳунари бисёре дошт: боғбон, деҳқон, табиби овозадор, кашидадӯз ва зани хайрандеш буд. Ӯ кӯдакҳоро ба гаҳвора мебаст. Бесавод бошад ҳам, шеърҳо эҷод мекард. Баъзан аз наберагонаш хоҳиш мекард, ки ба ӯ китобро хонда диҳанд. Вай ба китобхонии наберагонаш бо диққат гӯш андохта, лаззат мебурд…
Рӯзе ӯро ба гаҳворабандони ҳамсояамон даъват карданд. Гаҳвораро бо ҳамаи усулу одобаш ба бастан омода сохт, як бурда нонро дар зери болинча гузошт ва китоб талаб кард. Он солҳо гаҳворабандон бе китоб намегузашт. Вақте ки китоб бо тезӣ ёфт нашуд, ман аз хона зуд китоби «Мактаб»-и Аркадий Гайдар ва «Тири хокхӯрда»-и Фазлиддин Муҳаммадиевро овардам. Ӯ аввал китобҳоро ба абрӯвонаш молиду якеи онро зери болинча гузошт ва кӯдакро дар гаҳвора баст. Он солҳо ҳама сабаби дар зери болин гузоштани нону китобро хуб медонистанд. Ин чунин маъно дошт: кӯдак дар оянда мисли нону китоб сазовори иззату икром ва қадраш баланд гардад.
Вақте ки хола барои хабаргирии апааш – модарам меомад, ҳамсоязанҳо болои суфаи лаби ҳавз нишаста, шеърхониву кашидадӯзӣ мекарданд. Онҳо шеърҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ, Бедил ва дигаронро аз даҳон ба даҳон аз ёд гирифта буданд. Ҳатто шеърҳои Мирзо Бедилро таҳлил мекарданд, ки имрӯзҳо бисёрии мо аз ӯҳдаи ин кор намебароем…
Ҳамон солҳо дар сари кӯчаи гузари Қозиабдурасули шаҳри Самарқанд дӯкони ойнабанди китобфурӯшӣ ва дар қафояш бозорча воқеъ буд. Ман дар синфҳои 6–7-ум мехондам. Ба ҳамин бозорча ҳосили замонамонро оварда мефурӯхтам ва ба як қисми пули он китоб мехаридам. Агар маблағи маҳсулоти фурӯхтаам кам шуда бошад, он гоҳ ба пули роҳкиро китоб мехаридаму то хона – деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд пиёда меомадам…
Як дӯстам муҳандиси институти лоиҳакашии заминсозии вилоят мебошад. Рӯзе ӯ чунин гуфт:
– Ман аз рӯйи вазифа қариб, ки дар ҳамаи ноҳияҳо мешавам. Бачагону наврасонеро бисёр вомехӯрем, ки чорвояшонро чаронида истода, дар даст китоб доранд. Афсӯс, ки дар ноҳияву шаҳри Самарқанди худамон дар дасти бачагону наврасон ба ҷойи китоб телефонро мебинем.
Чаро бачагону наврасони мо аз хондан дур шуданд ва чӣ бояд кард?
Аввало, бачагонро барои хондан маҷбур кардан лозим нест ва ба ин ҳақ ҳам надорем. Мо калонсолон бояд, ки худамон бисёртар китоб хонем, намуна мешавем. Бачаҳо мебинанд ва худашон ҳам китобро ба даст мегиранд.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ,
сокини маҳаллаи Равонаки ноҳияи Самарқанд.